ФАРҲАНГИ ШАҲРНИШИНӢ РИОЯ МЕШАВАД?
Душанбе, 28 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 27 апрел дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир шуд. Дар он масъулини шаҳр, раисони ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои шаҳрӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо ва кооперативҳои соҳибмулкони манзил ширкат намуданд. Зимни баррасии масъалаҳои ҳаётан муҳим М. Убайдуллоев таваҷҷӯҳи фаъолони пойтахтро ба татбиқи дастуру ҳидоятҳои Паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд. Вай гуфт, ки иҷрои нуктаҳои баёнгардида, вазифаи афзалиятноки сокинони шаҳр, мақомоти маҳаллии намояндагии давлатӣ, субъектҳои хоҷагидорӣ, соҳибкорию сохторҳои хизматрасонӣ ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт қарор гирад. Барои комёб шудан ба иҷро дастурҳои Роҳбари давлат қарор намуд, ки ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе таҳти масъулияти бевоситаи раисони ноҳияҳо бо иштироки муовинони масъули Раиси шаҳр дар ноҳияҳои пойтахт вохӯриҳои таблиғӣ доир карда шуда, баҳри иҷроиши саривақтии онҳо нақшаи чорабинии ҳар як шаҳраку маҳаллаҳо, корхонаву идораҳо новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ таҳия гарданд. Ҳамзамон, баҳри дар ҳолати хуби санитариву экологӣ нигоҳ доштани нуқтаҳои хизматрасониву бозорҳои пойтахт ба хадамоти марбутаи назорати давлатии шаҳрӣ супориш дода шуд, ки фаъолиятро тақвият бахшида, фарҳанги шаҳрнишинӣ, қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитариро дар шаҳр риоя намоянд. Дар ин хусус, котиби матбуотии Раиси шаҳр Шавкат Саидов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






