ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲАФТАИ КИТОБИ КЎДАКОНУ НАВРАСОНИ ҶТ» ОҒОЗ ШУД
Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз дар Китобхонаи бачагонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд. Дар кушодашавии фестивал, муовини вазири фарҳанги ҶТ Мавлон Мухторов суханронӣ карда, қайд намуд, ки эҳё гардидани ин чорабинии муҳим барои тарбияи насли наврас дар рўҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва зебописандӣ мусоидат намуда, барои ҷалби онҳо ба китобхонӣ нақши муҳим мебозад. Бояд қайд кард, ки бо иштироки хонандагони мактаб-интернати махсуси санъати ба номи Миратулло Атоев композитсияи адабӣ-бадеӣ намоиш дода шуд. Аз ҷониби хонандагони ин мактаб шеъру сурудҳо низ пешкаши тамошобинон гардид. Дар доираи кушодашавии фестивал асарҳои тозаэҷоди шоирону нависандагони Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои ҳамсоя ба маърази тамошо гузошта шуд. Фестивал то 8 апрел идома ёфта, дар Театри ҷавонон ҷамъбаст мегардад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» роҳбари маркази матбуотии Вазорати фарҳанг Анвар Юсупов хабар дод.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






