ФИЛМИ «ШАЙХ КАМОЛ» РӮИ НАВОР МЕОЯД

Апрель 16, 2009 11:48

                 Душанбе, 16 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Коргардони шинохтаи эронӣ Исмоили Барорӣ ният дорад, ки дар бораи шоири машҳури қарни 13-и тоҷик Камолиддин ибни Масъуд Хуҷандӣ (1318 — 1391) филмеро таҳти унвони «Шайх Камол» ба навор бардорад. Ӯ тасмим гирифтааст, ки дар филми мазкур саргузашти шоири шинохтаю ширинкаломи тоҷик Хоҷа Камоли Хуҷандӣ аз таваллуд то марг ва сафарҳои ӯ аз Хуҷанд ба Макка ва аз онҷо то Табрез рӯи навор биёрад.                 Исмоили Барорӣ мегӯяд, ки филми мазкур дар зарфи ду сол ба наворгирифта шуда, саҳнаҳои он дар Тоҷикистон, Эрон ва Арабистони Саудӣ бо иштироки ҳунармандони тоҷику эронӣ ва араб наворбардорӣ карда мешавад. Мавсуф афзуд, ки филми «Шайх Камол» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ба маблағи қариб 1 миллион доллар сохта мешавад.                 Ба гуфтаи муҳаққиқи тоҷик Шоҳмансури Шоҳмирзо, дар сурати ба наворгирифтани филми «Шайх Камол», он аз ҷониби тамошобинон хуб истиқбол гирифта шуда, форсизабонон маҳбубияти хосае пайдо хоҳад кард.                  Бояд тазаккур дод, ки Шайх Камоли Хуҷандӣ, ки дар адабиёти классикии тоҷику форс бо тахаллуси «булбули шуридаи Хуҷанд» машҳур аст, дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба дунё омада, дар қарни 13 ҳангоми истилои муғулҳо тарки ватан намуда, баъди ғарибиҳо ба шаҳри Табрез меравад. Дар Табрез то охири умр зиндагӣ намуда, дар ҳамон ҷо аз олам гузаштааст. Алҳол мақбараи ӯ дар шаҳри Табрез буда, зиёратгоҳи аҳли илму адаби ҷаҳон аст.

Апрель 16, 2009 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид