ФОНДИ КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ БО КИТОБҲОИ НОДИР ПУРРА ГАРДИД

Апрель 7, 2009 10:09

                Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Мушовири давлатии Президенти ҶТ оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев аз китобхонаи шахсии худ ба Китобхонаи миллии ба номи А. Фирдавсӣ адабиёти гуногунро 2000 нусха тақдим намуд.               Дар маросими супоридани китобҳо директори Китобхонаи миллӣ Шариф Тошев ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд. Дар баромади худ Шариф Тошев таъкид сохт, ки китобҳои мазкур илмӣ буда, дар он Энсиклопедияи Британияи Кабир дар 30 ҷилд, «Тафсири Табарӣ» дар 3 ҷилд, луғатномаи Деҳхудо ва дигар китобҳои нодир, ки фонди норасоии китобҳоро пурра мегардонад, ҷамъ оварда шудаанд.               Бояд тазаккур дод, ки аз аввали сол аз тарафи вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва шахсони алоҳида барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти хонандагон қариб 5 ҳазор китоб ба китобхона ворид гардид.

Апрель 7, 2009 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид