ФОНДИ МАНЗИЛ АЗ НАВ БА ҲИСОБ ГИРИФТА МЕШАВАД
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои мутахассиси пешбари раёсати барӯйхатгирии аҳолии Кумитаи давлатии омор Б.Раҷабов, соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст дар баробари барӯйхатгирии аҳолӣ, инчунин барӯйхатгирии фонди манзил гузаронида мешавад. Барӯйхатгирии фонди манзил дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ хеле муҳим аст. Тибқи ин чорабинӣ, ба даст овардани маълумот оид ба миқдори манзилҳои истиқоматӣ ва шароитҳои манзилии онҳо аҳамияти калон дорад. Чорабинии мазкур, бо назардошти тавсияҳои Созмони Милали Муттаҳид тартиб дода шуда, бо мушовирони байналхалқӣ ва вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






