ФОНДИ РУШДИ АБУ ДАБИ РОҲИ КӮЛОБ – ҚАЛЪАИХУМРО МЕСОЗАД

Апрель 24, 2009 08:46

                 Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммавӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.                 Дар нишасти мазкур оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаихум» сухан рафт.                 Директори лоиҳаи «Сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаихум» Исмонқул Шоқулов зикр кард, ки дар татбиқи лоиҳаи мазкур корҳои аксбардорӣ-топографӣ аз нуқтаи саршавии лоиҳа аз шаҳри Кӯлоб моҳи декабри соли 2007 оғоз гардида, то ба ин рӯз корҳои ҷустуҷӯӣ ва аксбардорӣ-топографӣ, экспертизаи экологии лоиҳа, таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳа, банақшагирии пурраи муҳандисӣ, ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва ҳисоботи охирин ба анҷом расонида шудааст.                 Маблағи азхудкардашудаи лоиҳа 1020,50 ҳазор доллари ИМА мебошад. Дар раванди ин корҳо 19 нафар мутахассисони муҳандисию техникӣ, аз он ҷумла 16 нафар мутахассисони маҳаллӣ, 3 нафар мутахассисони хориҷӣ кор карда истодаанд.                 Баъди ба анҷом расонидани корҳо дар самти таҳияи Асосноккунии Техникию Иқтисодии лоиҳа ва банақшагирии пурраи муҳандисии лоиҳаи «Роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаихум», маблағгузории он аз тарафи Бонкҳои сармоягузор дар назар дошта шудааст.                Ба ҳамин мақсад дар шаҳри Душанбе аз октябри соли 2008 бо иштироки панҷ бонки сармоягузор, Бонки Исломии Рушд, Фонди Опек, Фонди Кувейтии Рушди Иқтисодии Араб, Фонди Рушди Саудӣ ва Фонди Абу Дабӣ мизи мудаввар оид ба маблағгузории лоиҳаи мазкур доир гардид, ки дар он асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳа аз тарафи ширкати муштараки машваратчиёнӣ Кувейтию Лубнонӣ «Ал-Абдулҳадӣ + Спектриум» муаррифӣ карда шуд.                 Бояд қайд намуд, ки Фонди Рушди Абу Дабӣ омода аст ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаихум» қарз ба маблағи 15 млн. доллари ИМА пешниҳод намояд.  

Апрель 24, 2009 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад