«ФОРС» ДАР ДУШАНБЕ РАВЗАНА МЕКУШОЯД
Душанбе, 27 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Хабаргузории Ҷумҳурии Исломии Эрон «Форс» бори нахуст дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон намояндагии худро ифтитоҳ менамояд. Дар робита мудири кулли он Ҳамиди Муқаддамфар, ҷиҳати ифтитоҳи бунгоҳи марказии намояндагии хабаргузории «Форс» дар Душанбе, 28 апрел ба Тоҷикистон меояд. Зимни сафари кории худ ба Душанбе Хамиди Муқаддамфар бо як қатор роҳбарони хабаргузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору мулоқот намуда, масъалаҳои ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкориҳоро баррасӣ менамояд. Хабаргузории «Форс» хабаргузории хусусӣ буда, бо чор забон — форсӣ, англисӣ, арабӣ ва туркӣ хабар пахш месозад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






