ФУТБОЛБОЗОНИ «ХУҶАНД» ТАҶҲИЗОТИ ВАРЗИШГОҲРО ШИКАСТАНД

Апрель 27, 2009 11:24

                 Қӯрғонтеппа,27 апрел. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Якшанбеи гузашта дар варзишгоҳи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа — Пахтакор бозии навбатии дастаҳои футболи «Вахш» и Қӯрғонтеппа ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд баргузор гардид. Бозӣ бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа анҷомид.                 Ҳарчанд бозӣ тезу тунд гузашта бошад ҳам дастаи «Вахш» кӯшиш ба харҷ дод, то эҳтироми ҳарифи худро ба ҷо биёрад. Аммо ба гуфти масъулини варзишгоҳи «Пахтакори»-и Қӯрғонтеппа дастаи «Хуҷанд» каме бесарусомониҳо карданд. Аз ҷумла, дар утоқи ивази либосҳо тахтаҳоро шикаста, баъдан таҷҳизоти обтаъминукии варзишгоҳро аз кор бароварданд. Оиди ин бетартибиҳо роҳбарияти варзишгоҳ норозигии худро иброз намуданд.                 Табаралӣ Мӯнисов, нозири бозии мазкур, раиси кумитаи нозирон ва комиссарони Федератсияи футболи Тоҷикистон ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки оиди шикастани таҷҳизоти обтаъминкунӣ ва дигар ашёҳо дар утоқи меҳмонон дар протоколи вохӯрии мазкур қайд карда шудааст ва ҳамзамон гузориши алоҳида ба Федератсияи футболи кишвар пешниҳод мегардад. Ба гуфти манбаъ, дар таҷрибаи кории худ аввалин бор бо чунин ҳолат вомехӯрад. «Рӯзи сешанбе бошад комиссиюни ахлоқии Федератсияи футболи Тоҷикистон ин масъаларо баррасӣ мекунад. Ба гунаҳкорон албатта ҷазо дода мешавад»-қайд кард Табаралӣ Мӯнисов.                  Бозии навбатии «Вахш» бо дастаи футболи «Энергетик»-и пойтахт рӯзи 2 май баргузор мегардад. Сипас, дар назар аст, рузи 7 май вохӯрии рафиқонаи «Вахш» бо дастаи яккачини олимпии Тоҷикистон баргузор гардад.10 май бошад вохӯрии дастаи футболи Қӯрғонтеппа бо дастаи «Гвардия» баргузор мегардад.   

Апрель 27, 2009 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид