ГУФТУШУНИД БАРОИ ТАШКИЛИ САФАРҲОИ ҲУНАРӢ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН

Апрель 9, 2009 10:24

              Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Директори генералии Муассисаи давлатии ташкили консертҳо ва сафарҳои ҳунарии «Базморо» Олим Акрамов имрӯз барои боздиди корӣ ба шаҳри Тошканд рафт. Вай бо роҳбарияти муассисаи ҳунарии «Ӯзбекнаво» дар масъалаи ташкили консертҳо ва сафарҳои ҳунарии ҳунарпешагони тоҷику ӯзбек ба мамлакатҳои ҳамдигар гуфтушунид хоҳад кард.               О.Акрамов қабл аз сафари Тошканд ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки 20 май дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе консерти овозхони машҳури Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков баргузор мегардад. Ғайр аз ин, моҳи май гурӯҳи ҳунарии симфонӣ таҳти роҳбарии сардирежёр Далер Тиллоев барномаи нави консертиро пешкаши тамошобинон хоҳад гардонд.

Апрель 9, 2009 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид