ГУМРУК НАҚШАРО ИҶРО НАКАРД
Душанбе, 30 апрел. ( АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба иттилои муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Неъмат Раҳматов, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бо сабаби таъсири бӯҳрони молиявӣ гардиши савдои хориҷии кишвар ба миқдори 228,9 млн. доллари амрикоӣ кам гардидааст. Ин аст, ки воридоти маблағ ба буҷаи кишвар дар ин муддат ҳамагӣ 75,2 фоиз иҷро гардидааст. Боиси таассуф аст, ки ҳуқуқваронкуниҳои гумрукӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар давоми се моҳи соли 2009 зиёд гардидааст. Агар дар се моҳи соли 2008 1230 ҳодисаи қонуншиканиҳои гумрукӣ ба қайд гирифта шуда бошад, дар се моҳи соли 2009 он ба 1449 адад расидааст. Дар ин муддат ба 1415 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниии маъмурӣ тартиб дода шуда аз онҳо ба андозаи 1 млн. 300 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






