ГУЗОРИШ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ КИШОВАРЗОН
Душанбе, 22 апрел, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар кори конфронси матбуотӣ, ки ба фаъолияти семоҳаи кишоварзон дар толори хурди Вазорати кишоварзӣ доир гардид, аз ҳарвақта дида иштироки хабарнигорон ва роҳбарони раёсату шӯъбаҳои вазорат мазкур бештар ба чашм мерасид. Фаъолияти Вазорати кишоварзӣ дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат ба роҳ монда шудааст, -иброз дошт муовини аввали вазир Раҳмоналӣ Амиров ба иштирокдорони ҷамъомад. Соли ҷорӣ аз бӯҷети давлат барои пешбурди соҳаи кишоварзӣ 20 млн. сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ин албатта нисбат ба қарзе, ки хоҷагидорон дар назди давлат ва сармоягузорон доранд (400 млн. доллар қарзи хоҷагиҳои пахтакор дар назар дошта шудааст), чандон зиёд нест, аммо бо ин маблағ мумкин аст 10 техникаи таъиноти кишоварзӣ, заҳрхимикат барои нобуд сохтани малах, ки дар 21 ҳазор гектар заминҳои вилояти Хатлон мушоҳида мешавад, соҳаи боғу токпарварӣ, занбӯри асалпарварӣ, рушди соҳаи қутоспарварӣ, соҳаи моҳипарварӣ, парвариши чорво, паррандапарварӣ, рушди соҳаи зотпарварӣ, беҳтар намудани биотехнологияи чорво, созмон додани бонки нутфaю ҷанин, рушди минтақаи чарогоҳҳои ҷумҳурӣ ва рушди барномаи асппарварӣ ба таври дилхоҳ истифода карда шавад, -афзуд Раҳмоналӣ Амиров. Аз рақамҳои омории маърӯзачӣ маълум буд, ки соҳаи кишоварзӣ камбудие надорад, ягона чизе, ки намерасад қувваи корист, ки бояд барои обод намудани даштҳои фарохи Данғара, Бешкент ва ноҳияи Турсунзода аз ноҳияҳои минтақаи Рашт, Бадахшону Суғд интиқол ёбад ва бӯҳронеро, ки тамоми дунёро таҳдид дорад, дар кишвар пешгирӣ карда шавад. Чанд саволе, ки аз ҷониби хабарнигорон матраҳ гардид, танҳо ба хотири расмиятчигии конфронс буд, вагарна он чи, ки аён аст, чӣ ҳоҷат ба баён аст.








ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид






