ХАТСАЙРҲОИ НАВ КУШОДА МЕШАВАНД

Апрель 23, 2009 11:34

                 Душанбе, 23 апрел (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Дирӯз дар Корхонаи Воҳидии Давлатии Ҳавопаймоии«ТоҷикЭйр» бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти он дар давоми се моҳи гузашта нишасти матбуоти баргузор гардид. Директори генералии корхонаи мазкур Алимурод Махмадалиев зикр кард, ки дар семоҳаи якуми соли равон бо мақсади таъмини самаранокии парвози ҳавопаймоҳо, аз ҷумла ба Федератсияи Россия ҷиҳати танзими сиёсати тарифӣ кори муайян анҷом дода шуд ва аз мохи феврал ташаккул додани ҷадвали парвозҳо барои давраи баҳору тобистони соли чорӣ оғоз гардид.                 Аз оғози моҳи марти соли равон парвозҳои мунтазам дар хатсайрҳои Кӯлоб-Москва-Кулоб ва Қӯргонтеппа-Москва-Қӯргонтеппа шурӯъ шуданд. Аз моҳи апрел дар хатсайри Кӯргонтеппа-Новосибирск парвозҳои мунтазам оғоз ёфтанд ва иҷрои парвозҳо дар хатсайри Қӯргонтеппа-Екатеринбург дар назар аст.                 Дар асоси мувофиқаи ба даст омадаи миёни муассисаҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва Россия баъди ворид намудани иловаи дахлдор ба Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи алоқаи ҳавоӣ дар мавсими ИАТА «Тобистон-2009» КВДҲ «Тоҷик Эйр» иловатан ба хатсайрҳои мавҷуда иҷро кардани парвозҳои мунтазамро ба 7 шаҳри Федератсияи Россия -Сочи, Нижневартовск, Красноярск, Оренбург, Челябинск, Иркутск ва Тюмен ба нақша гирифтааст. Дар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ масъалаи иҷрои парвозҳхо ба Покистон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Беларус ва Украина мавриди баррасӣ қарор дорад.                 Баъди имзои Созишномаи ҳамкории Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи алоқаи ҳавоӣ ҳамчунин парвозҳои мунтазам ба шаҳрҳои Узбекистони хамсоя оғоз меёбанд.                 Дар семоҳаи якуми соли равон бо назардошти беҳтар сохтани баҳрабардории ҳавопаймоҳои худӣ ва ҷараёни навсозии ҳавопаймоҳо 5 ҳавонаварди дуюми Ту-154, 2 ҳавонаварди дуюми Ан-28, 1 командири экипажи Ан-24/26, 1 командири ҳавопаймо ва 4 ҳвонаварди дуюми Боинг-757-200 ба кор омода карда шуданд. Ҳамчунин оиди ба парвозҳо тайёр кардани 2 командири Боинг 757-200 кор идома дорад.  

Апрель 23, 2009 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад