ХУҶАНД ВАСЕЪТАР МЕГАРДАД

Апрель 6, 2009 09:33

                  Хуҷанд, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Як қисми ҳудуди хоҷагиҳои ба номи Саидхӯҷа Урунхоҷаев, ба номи Абдулло Раҳимбоев, ба номи Раҳмон Набиев ва «Сирдарё» — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки масоҳати умумии он 954 гектар мебошад, ба шаҳри Хуҷанд ҳамроҳ карда мешавад. Қарори раиси ноҳияро дар ин масъала вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳия чанд рӯз пеш маъқул донистанд. Бояд гуфт, ки лоиҳаи қарори мазкур ҳанӯз соли 2000 тайёр карда шуда буд.                   Раиси Кумитаи заминсозии шаҳри Хуҷанд Ҳ.Ҳайдаров ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки бо сабаби зиёд гардидани шумораи аҳолӣ зарурати васеътар сохтани масоҳати маркази вилоят ба миён омад. Акнун масоҳати умумии шаҳри Хуҷанд қариб 4 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо ояндаи наздик корхонаҳои нави саноатӣ, минтақаи озоди иқтисодӣ ва маҳаллаҳои нави истиқоматӣ бунёд карда мешаванд, гуфт Ҳ.Хайдаров.  

Апрель 6, 2009 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид