ИДИ 1 МАЙРО ЧӢ ГУНА ҶАШН МЕГИРЕМ?
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров, Наталя Михайлова). — 1 май дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии меҳнат ҷашн гирифта мешавад. Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 май рӯзи истироҳат мебошад. Аз Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки имсол 1 май ба рӯзи ҷумъа рост омад, бинобар ин рӯзҳои 1,2,3 май рӯзҳои истироҳат мебошанд. Мамлакатҳои ҷаҳон айни ҳол 1 майро ба таври гуногун ҷашн мегиранд. Иди май дар аксарияти мамлакатҳои Аврупо ҳамчун иди баҳор ва иди гулҳо таҷлил карда мешавад. Масъалан дар Испания ҷавонони ба синни балоғат расида рӯзи 1 май ба маҳбубаҳояшон гулдастаҳо тақдим менамоянд. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ 1 май иди расмии идеологӣ буд ва ҳамчун Рӯзи якдилии байналхалқии заҳматкашони тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешуд. Баъди давраи бозсозӣ ва барҳам хӯрдани ИҶШС 1 май ба иди баҳору меҳнат табдил ёфт. Дар ҷумҳуриҳои ИДМ, аз ҷумла, Қазоқистон 1 май ҳамчун Рӯзи ваҳдати халқҳои қазоқ ҷашн гирифта мешавад. Дар Киев рӯзи 1 май коммунистон ба майдонҳо баромада, намоишҳо ташкил менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






