ИДИ ЛОЛА ДАР ИСТАМБУЛ

Апрель 20, 2009 11:58

                 Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Катерина Аксакова). — Аз 12 тио 19 апрел дар шаҳри Истамбули Туркия Иди лола баргузор гардид. Ин яке аз калонтарин идҳои гул дар минтақаи Аврупо ба шумор меравад. Дар давоми як ҳафта дар ҳамаи чорбоғу майдонҳо ва кӯчаю хиёбонҳои Истамбул миллионҳо бех навъҳои гуногуни лола шинонда шуданд. Диққати тамошобинонро хусусан лолаҳои сурху сафед, зард, гулобӣ, норанҷӣ ва ҳатто бунафш ба худ ҷалб мекарданд. Шумораи сайёҳони хориҷӣ дар давоми рӯзҳои Иди лола дар Туркия чандин баробар афзуд.  Бисёр сайёҳон маҳз барои тамошои лола ба Туркия омада буданд.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки рӯзҳои ид дар Истамбул зиёда аз 2 миллион бех гули лола шинонда шуд. Дар робита бо иди мазкур дар ин ҷо консертҳои гуногуни дастаҳои ҳунарӣ ташкил карда шуданд. Дар ярмаркаи гул ба хоҳишмандон тухми навъҳои гуногуни лола пешкаш карда шуд.                Бояд гуфт, ки гули лола яке аз рамзҳои Туркия мебошад. Нақл карда мешавад, ки гули лола дар замони ҳукмронии султонҳои усмонӣ аз Осиёи Марказӣ ба Туркия оварда шуда буд. Шоирони турк дар васфи гули лола шеъру достонҳои бешумор эҷод кардаанд.

Апрель 20, 2009 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид