ИМТИЁЗҲОИ СОҲИБКОРОНИ ХУСУСӢ БЕКОР КАРДА ШУДАНД
Хуҷанд, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд имтиёзҳои соҳибкорони хусусӣ дар мавриди пардохти андози фурӯши чаканаи мол, аз ҷумла, орд, равған ва гази фишурда бекор карда шуд. Дар ин бора муовини аввали раиси шаҳр Домуллоҷон Ҷабборов хабар дод. Ин тадбир бо мақсади муҳайё сохтани шароит барои сари вақт ғанитар гардондани буҷет андешида шуд, гуфт вай. Ба қавли Д.Ҷабборов, аз ҷумла, соҳибкорон зимни фурӯши навъҳои гуногуни нон ва маҳсулоти чопӣ аз пардохти андоз озод карда шуданд. Инчунин, аҳолии шаҳр барои истифодаи гази табиӣ ва қувваи барқ андоз намесупорад. Бояд гуфт, ки гурӯҳи камбизоати сокинони шаҳр аз пардохти андози молҳои ғайриманқул ба куллӣ озод карда шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






