ИНТИҚОЛИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШИРАИ КАМОЛ ПЕШГИРӢ ШУД

Апрель 15, 2009 16:33

                Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Кормандони Шӯъбаи 7 Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди маҳаллаи дуюми шаҳри Тусунзода 14 апрели соли ҷорӣ автомашинаи тамғаи ГАЗ-32213, ки сокини деҳоти «1 май»-и ҳамин ноҳия Ҳусенбой Мамаҷанов идора мекард, боздошт намуданд.               Ҳангоми муоина аз бордони автомашинаи номбурда 42 зарфи пластикӣ бо шираи камол ба миқдори 1 тоннаю 20 кг 298 гр дарёфт гардид. Аз рӯи нишондоди ронанда ин мавод ба сокини шаҳри Турсунзода Ашӯр Мирзоқулов тааллуқ доштааст.               Бо назардошти супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 19 сентябри соли 2008 «Ҷамъоварӣ ва содироти шираи камол қатъиян манъ аст», бинобар ин маводи номбурда боздошт гардид.Тавре аз ВКД ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.  

Апрель 15, 2009 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид