ИШТИРОКИ САФИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧИН ДАР ИДИ БАҲОР
Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 5 апрел дар Донишгоҳи аграрии Пекин бо ташаббуси сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ҷумҳурии мардумии Чин таҳти унвони «Танини суруди баҳор» ҷамъомади серодам баргузор гардид. Қисми расмии ҷамъомад дар боғи зардолузори дӯстии Тоҷикистону Чин гузаронида шуд, ки бо ташаббуси кормандони сафорат моҳи марти соли 2006 бунёд карда шуда буд. Сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов ба роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ барои нигоҳубини ҳамарӯзаашон ба дарахтони боғи дӯстӣ изҳори сипос намуд. Вай зикр намуд, ки зардолу рамзи офтоб, хушбахтии инсон ва боигарии одамон мебошад. Халқи тоҷик тамоми боигарии худро бо дӯстони ҳақиқии хеш бо ҳам мебинад, изҳор намуд сафир. Ҷамъомади ботантана бо консерти муштарак анҷом ёфт. Дар консерт сурудҳои тоҷикию чинӣ, сатрҳо аз ашъори Абӯабдулло Рӯдакӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Конфутсий ва Мао Сзедун садо доданд. Дар ин бора аз сафорати Тоҷикистон дар Пекин ба АМИТ «Ховар» хабар дода шуд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






