ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ЗИЁД
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). Бино ба иттилои муовини аввали вазири кишоварзӣ Раҳмоналӣ Амиров, дар семоҳаи соли ҷорӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 383,3 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,7 фоиз зиёд аст. Дар семоҳаи авали соли ҷорӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 18971 тонна гӯшт, 113863 тонна шир 44 млн. 727 дона тухм истеҳсол гардид, ки дар маҷмӯъ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 1239, 5153 ва 1 млн. 692 ҳазору 700 дона тухм зиёд аст. Вазорат бо мақсади ноил шудан ба натиҷаҳои боз ҳам баландтари истеҳсолӣ гурӯҳи корӣ ташкил дод. Гурӯҳи корӣ дар ноҳияҳо ба хоҷагидорон ёрии амалии методӣ мерасонанд ва оид ба истифодаи маблағҳои қарзӣ семинарҳо мегузаронанд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






