ИСТЕҲСОЛИ МАВОДИ НАШЪАДОР ДАР АФҒОНИСТОН МЕАФЗОЯД

Апрель 10, 2009 15:02

              Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Сардори ситоди Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ҷумҳурӣ Фахриддин Ҷонмаҳмадов имрӯз барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ дар бораи вазъияти Афғонистон ва таъсири он ба истеҳсоли маводи нашъадор маълумоти муфассал дода шуд.             Ф.Ҷонмаҳмадов зикр кард, ки идома ёфтани амалиёти ҷангӣ ва вазъияти назоратнашавандаи харбию сиёсӣ дар вилоятҳои ҷанубӣ, ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубу шарқии Афғонистон ба афзоиш ёфтани истеҳсоли маводи нашъадор мусоидат менамояд. Агар вазъи ҳаво тағйир наёбад, имсол ҳам дар Афғонистон ҳосили фаровони кӯкнор ба даст оварда, аз он миқдори зиёди маводи нашъадор истеҳсол карда хоҳад шуд, гуфт вай.               Сардори ситоди Агентии назорати маводи нашъадори ҷумҳурӣ дар асоси маълумоти расмии Созмони Милали Муттаҳид изҳор намуд, ки Афғонистон мисли пештара дар бобати истеҳсоли маводи нашъадор дар миқёси ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд.  

Апрель 10, 2009 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид