ИСТЕҲСОЛОТ ТИБҚИ ДАРХОСТ

Апрель 2, 2009 10:55

                      Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои ҷонишини директори «Тоҷиктекстилмаш» оид ба истеҳсолот Комил Сангаков, ҳамкориҳои корхона бо заводи арзизи Тоҷикистон тӯли солҳои зиёд идома дорад. Соли 2008 «Тоҷиктекстилмаш» дар асоси дархости корхонаи алюминии Тоҷикистон ба маблағи 5 миллион сомонӣ таҷҳизоти фармоишӣ истеҳсол намуд, ки онҳоро солҳои қаблӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия бо нархи дучанд харидорӣ менамуданд.              Корхона тибқи талаботи аҳолӣ, истеҳсоли асбобу анҷоми рӯзгор, аз қабили: дег, тоба ва сатили пластикиро ба роҳ мондааст.              «Тоҷиктекстилмаш» дар Осиёи Миёна якумин корхонаест, ки барои корхонаҳои пахтатозакунӣ дастгоҳҳои чангкашӣ истеҳсол менамояд. Танҳо соли 2008 бо дархости корхонаҳои пахтатозакунии Ҷумҳурии Ӯзбекистон 50 адад чунин дастгоҳҳо истеҳсол карда шуд, ки аз он фоидаи зиёд ба даст овард.

Апрель 2, 2009 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар