ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ПОЙТАХТ БО ҲАШАРИ УМУМИШАҲРӢ

Апрель 17, 2009 15:08

                 Душанбе, 17 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Пагоҳ 18 апрел дар шаҳри Душанбе Рӯзи пойтахт таҷлил мегардад.                 Тибқи иттилои котиби матбуоти раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, дар ин рӯз дар пойтахт як қатор биноҳои истиқоматӣ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ ва марказҳои химатрасонию маишӣ ба истифода дода мешаванд.                  Инчунин, бо мақсади тозагию ободонӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани пойтахт ҳашари умумишаҳрӣ гузаронида мешавад. Ҳамзамон, ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим марафони дав дар масофаи 21 километр ташкил карда шуда, ғолибони онро тӯҳфаҳои пулию молӣ интизор аст.                 Баъд аз нисфирӯзӣ бошад, дар «Маркази равобити пойтахт» бахшида ба Рӯзи пойтахт ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуда, дар он як қатор озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст карда мешаванд.                 Сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд, ки Рӯзи пойтахтро бо рӯҳияи болидаю идона дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи устод Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли комсомол» ва майдони «800-солагии Москва» таҷлил намоянд. Дар ин боғҳои фарҳангӣ баҳри хотирмон гузаронидани Рӯзи пойтахт намоиш ва фурӯши маҳсулоти нонию қаннодӣ ва сайругашти идонаи оммавӣ ба роҳ монда мешавад.

Апрель 17, 2009 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад