ИСТИФОДАИ ТАҶРИБАИ ТИББИ АМРИКО АФЗАИЛЯТНОК АСТ

Апрель 28, 2009 16:02

                 Душанбе, 28 аперл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳайати намояндагони Тоҷикистон, ки аз кормандони мақомоти идории маҳаллӣ ва тандурустии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ иборат буд, аз Амрико баргаштанд.                 Онҳо муддати 10 рӯз — аз 16 то 26 апрел дар иёлоти Вирҷинияи Ғарбӣ, Минисота, Айова, Мичиган ва Индианаи Амрико қарор дошта, бо ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ин кишвари мутаммаддин шинос гардиданд.                  Ҳини бозгашт ба ватан ҳайати мазкур зимни нишасте дар Душанбе, ки бо ҳузури кормандони масъули Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ва намояндагии Шӯрои амрикоии оид ба маорифи байналмилалӣ, доир гардид, таассуроти худро аз ин кишвар нек ва манфиатбахш арзёбӣ карданд.                Дар ин нишаст роҳбарону намояндагони марказҳои тарзи ҳаёти солим, марказҳои ёрӣ ба модару кӯдак ва муассисаҳои тиббии шаҳрҳои Хуҷанду Кӯлоб- Шоира Бузрукова, Муаззам Раҷабова, Фариштамоҳ Солиҳова, Баргигул Баротова, Гулрабохон Бобоева роҷеъ ба сатҳи хизматрасонии тиббӣ, ҳифзи сиҳатии модару кӯдак аз сӯи давлат, ҳимояи занон аз хушунат, роҳҳои ҳифзи сиҳатии модару кӯдак дар давраи таваллуд, муносибати ҳамшираҳои шафкат ба беморон дар ин кишвар ибрози назар карданд. Ба андешаи онҳо хизматрасонии тиббӣ дар Амрико дар сатҳи баланд қарор дошта, месазад, ки таҷрибаи хизматрасонии тиббии ин кишвари пешрафтаи дунёро дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор дод.                Ҳамоҳангсози барномаи «Ҷаҳони боз» дар Тоҷикистон Анора Акбарова мегӯяд, ки намояндагони табақаҳои гуногуни Тоҷикистон, ки дар доираи барномаи мазкур ба ИМА фиристонида мешаванд, натанҳо ҷаҳонбинӣ ва таҷрибаи худро мукаммал гардонида бо ҳаёти мардуми ин кишвар ошно мешаванд, балки онҳо дар оилаҳои амрикоиҳо зиндагӣ намуда, Тоҷикистонро- ба америкоиён муаррифӣ месозанд. Анора Акбарова афзуд, ки барномаи «Ҷаҳони боз», ки аз соли 1999 инҷониб фаъолият менамояд, ягона барномаи мубодилавӣ дар дохили шохаи қонунгузории ҳокимияти ИМА буда, аз ҷониби Конгресси ин кишвар маблағгузорӣ мешавад. То имрӯз аз Тоҷикистон қариб 80 нафар дар доираи Барномаи «Ҷаҳони боз» ба ИМА сафар кардааст.

Апрель 28, 2009 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад