ИТТИҲОДИ АВРУПО КӮМАКҲОИ ХУДРО БА ТОҶИКИСТОН АФЗОИШ МЕДИҲАД

Апрель 8, 2009 08:39

                Душанбе, 8 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Иттиҳоди Аврупо омода аст, ки дар оянда кӯмакҳои зиёде ба Тоҷикистон расонад ва ин кӯмакҳо бояд аз ҷониби давлати Тоҷикистон самаранок истифода бурда шавад», гуфт Роҳбари ҳайати парлумони Аврупо хонум Она Юкнявичене дар нишасти чоруми намояндагони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони Аврупо, ки нимаи дуюми 7 апрел дар Душанбе баргузор гардид.                  Она Юкнявичене афзуд, ки кӯмакҳое, ки дар соли равон аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ расонида мешавад, 30 фоизаш ба Тоҷикистон рост меояд.                  Ҳамчунин, зикр шуд, ки Иттиҳоди Аврупо аз соли 1994 ба Тоҷикистон беш аз 550 миллион евро кӯмак расонидааст. Дар соли 2010 бошад Иттиҳоди Аврупо боз 65 миллион евро кӯмак хоҳад расонид.Дар нишаст вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории парлумони Тоҷикистон ва парлумони Аврупо дар бахшҳои иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва гуманитарӣ баррасӣ гардид. Узи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Мамадшо Илолов ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо парлумони Аврупо ва мавқеи Иттиҳоди Аврупо дар таъмини амнияти ҷаҳон баҳои баланд дод. М. Илолов хостори ҳар чӣ зудтар ба тасвиб расонидани Созишномаи ҳамкорӣ миёни парлумони Тоҷикистон ва парлумони Аврупо гардид, ки он соли 2004 ба имзо расида буд.

Апрель 8, 2009 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд