КӮМАК БА МОДАРОН
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Лоиҳаи оид ба тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ тақсимоти 20 000 бастаҳои хӯрокаро, ки аз 3 кг орд, 3 литр равғани растанӣ ва 3 кг қанд иборат аст, ба занони ҳомила ва кӯдаки ширхорадошта тақсим намуд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» ҳамоҳангсоз бо ҷомеа ва васоити ахбори омма Лайли Ахмадова иттилоъ дод, маводи хӯрокаро Ташкилоти ғайридавлатӣ, намояндагони ҷамоатҳо бо иштироки кормандони тиббӣ дар Марказҳои саломатии шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва деҳотӣ ва хонаҳои саломатии вилояти Суғд тақсим намуданд. Ин имкон медиҳад, ки маводи хӯрока ба гурӯҳҳои ҳадафнок, яъне занони ҳомила ва кӯдаки ширхорадошта расад. Инчунин 30 000 бастаи хӯрокаи дигар дар ноҳияҳои вилояти Хатлон дар давоми моҳи апрел тақсим карда хоҳад шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






