КӮМАК БА ЗАНОНИ ҲОМИЛА
Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар Маркази амалӣ сохтани барномаҳои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дар маҳалҳо бахшида ба натиҷаҳои се моҳи аввали соли равон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он хабар дода шуд, ки аз аввали сол то имрӯз дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон ба бештар аз 50 ҳазор нафар зани ҳомила кӯмаки маҷҷонӣ расонда шуд. Бояд гуфт, ки барномаи мазкур бо кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ дар 41 ноҳияи вилоятҳои Суғду Хатлон амалӣ карда мешавад. Барнома зиёда аз 4,5 миллион нафарро фаро гирифтааст, ки 65 фоизи аҳолии мамлакатро ташкил медиҳад. Қайд карда шуд, ки муассисаҳои тиббии сохташаванда дар деҳоти мамлакат нимаи дуюми соли равон бо воситаҳои алоқаи таъҷилӣ ва радиоӣ таъмин карда мешаванд. Бо маблағи Бонки ҷаҳонӣ ба наздикӣ 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 6 маркази саломатии доимоамалкунанда ва 11 бунгоҳи муоинаи тиббӣ барқарор карда шуданд. Ин муассисаҳо ба бештар аз 67 ҳазор нафар сокини маҳаллӣ хизмат мерасонанд. Дар маҳалҳо айни ҳол сохтмони 36 бунгоҳи муоинаи тиббӣ давом дорад. Барои сохтмони онҳо қариб 7 миллион доллари ИМА ҷудо карда шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






