КӮМАКИ МАДОННА БА ЗАРАРДИДАГОНИ ЗИЛЗИЛА
Рим, 9 апрел. (АМИТ «Ховар» — РБК). — Овозхони машҳур Мадонна ба хабарнигорон гуфт, ки барои расондани кӯмак ба зарардидагони зилзила дар қисмати марказии Италия аз ҳисоби маблағи худ 500 ҳазор доллар мефиристад. Раиси шаҳри Пачентрои Италия Фернандо Капарсо аз ин иқдоми хайрхоҳонаи овозхони маъруф изҳори сипос намуд. Шаҳраки Пачентро дар маркази зилзилаи шадид қарор дошт, ки чанд рӯз пеш дар ин ҷо рух дода буд. Шаҳрак дар натиҷаи зилзила ба куллӣ харобу валангор гардид. Хабар дода мешавад, ки гузаштагони Мадонна дар ҳамин шаҳрак зиндагӣ кардаанд. Худи Мадонна зодаи Италия буда, номи пурраи ӯ Мадонна Луиза Чикконе мебошад. Тибқи хабарҳои расида, бар асари зилзила 260 нафар ҳалок ва 1,5 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






