КИҲО БА ВАЗИФА ТАЪИН ШУДАНД ?

Апрель 27, 2009 16:51

                  Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар» ). — Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеди Давлатзод муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ таъин гардид. Вай қабл аз ин дар вазифаи муовини аввали раиси Ҷамъияти саҳҳомии «Ориёнбонк» кор мекард.                  Бо қарори дигари Ҳукумат, Шӯҳратҷон Раҳматбоев муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ таъин карда шуд. Ӯ пеш аз ин сардори яке аз раёсатҳои кумитаи мазкур буд. Эшонҷон Маҳмудов намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон таъин шуд.                  Бо қарорҳои дигари Ҳукумат, Рустам Шодиев муовини сардори маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва Ҳасан Маҳмадалиев муовини сардори Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» таъин гардиданд.  Дар ин хусус имрӯз дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Тоҷикистон қарорҳо қабул карда шуданд.                                                      Тарҷумон — Қудратов А. 

Апрель 27, 2009 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид