«КИМЁГАРИ ДУРРИ ДАРӢ» ДАРДУШАНБЕ МУАРРИФӢ ШУД

Апрель 10, 2009 08:46

               Душанбе, 10 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар Душанбе китоби нависандаи тоҷик Мирзо Шукурзода таҳти унвони «Кимёгари дурри дарӣ» муаррифӣ гардид». Ба ин муносибат дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки аҳли илму фарҳанги се кишвари форсизабон — Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон маҳфили бошукӯҳи адабӣ баргузор шуд.               Зимни суханронии худ Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ шоиру нависандагон Абдулҳамид Самадов, Гулрухсор Сафиева ва дигар намояндагони илму адаби кишварҳои ҳамсоя доир ба ҳамкориҳои илмию фарҳангии кишварҳои форсизабон ва мақому арзиши китоби мазкур ибрози назар карданд.                Ин китоб зери назари узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илми филология Мирзо Муллоаҳмадов дар нашриёти «Деваштич»- и Душанбе бо теъдоди 500 адад чоп шудааст.  Китоб аз 4 бахш — «Ошиқи паричеҳраи форсӣ», «Ҷовидон пайванд», «Кимёгари дури дарӣ» ва иловаҳо иборат буда, он дар бораи хизматҳои 20-солаи шоири шинохтаи эронӣ Алиасгари Шеърдӯст, ки алҳол сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, нақл мекунад.               Тавре муаллифи китоб Мирзо Шукурзода мегӯяд, саҳми Алиасғари Шеърдӯст дар таҳқиқ, рушди адабиёту фарҳанги тоҷик ва шинохти арзишҳоии фарҳангии мардуми тоҷик ба мардуми Эрон бузург аст. Маҳз бо талошҳои ӯ ҳудуди сад китоби шоирону нависандагони тоҷик дар Эрон чоп шудааст, ки ба 60- тои ӯ худи Шеърдӯст пешгуфтор навиштааст.

Апрель 10, 2009 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид