КИШТИ ГИЁҲҲОИ ШИФОБАХШ БА РОҲ МОНДА ШУД
Душанбе, 24 апрел.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи кишти гиёҳҳои шифобахш, Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар саросари ҷумҳурӣ тирамоҳи соли 2008 ва баҳори соли 2009 дар мавзеъҳои аз байн рафтаи камоли бадбӯй кишти онро ба роҳ монд. Тибқи нақшаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист соли ҷорӣ дар майдони 2393 гектар камоли бадбӯй кишт карда шуд. Ҳамзамон дар асоси фармони раиси кумита аз 27 марти соли 2009 «Дар бораи санҷиши кишти камоли бадбӯй ва ҳолати сабзиши он» комиссия таъсис дода шуд, ки мутобиқи он ҳолати сабзиши гиёҳи номбурда дар моҳи апрел — майи соли ҷорӣ гузаронида мешавад. Дар назар аст, ки ҷамъоварӣ ва коркарди он минбаъд дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад, — иброз доштанд дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба мухбири АМИТ «Ховар».








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






