КИТОБХОНАИ «БОЙТЕРЕК» ДАРИ ХУДРО БОЗ КАРД

Апрель 22, 2009 08:16

                  Душанбе, 22 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-21 апрел иштирокчиёни нахустин Қурултойи /Анҷуман/хурди қазоқҳои сокини кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Эрон таҳти роҳбарии муовини аввали раиси Анҷумани қазоқҳои ҷаҳон Талғат Мамашев, ҳамчун рамзи эҳтиром ба тамаддуни тоҷикон ба пояи муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.                  Онҳо ҳамзамон, бо фаъолияти ҷамъияти қазоқҳои Тоҷикистон «Бойтерек» /дарахти ҳаёт/ шинос шуда, дар маросими тантанавӣ китобхонаи «Бойтерек»-ро ифтитоҳ карданд, ки дар расми кушодани он сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абӯталиб Ахметов иштирок кард.                  Нимаи дуюми рӯз, ҳайати намояндагони қазоқҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Эрон ба ноҳияи Ҳисор рафта, бо дастовардҳои ин ноҳия ва Қалъаи Ҳисор, ки таърихи беш аз 3 ҳазорсола дорад, шинос мегарданд.

Апрель 22, 2009 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст