КИТОБИ НАВИ ЖУРНАЛИСТИ МАЪРУФ
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Китоби нави журналисти маъруф, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, яке аз кормандони собиқадори Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон «Ховар», шореҳи илмии агентӣ Олег Соболев таҳти унвони «Мулоқотҳо бо одамони наҷиб» аз чоп баромад. Маҷмӯаи очеркҳои О.Соболев ба муносибати 50 — солагии фаъолияташ дар соҳаи журналистикаи тоҷик нашр карда шуд. Дар китоб роҷеъ ба мулоқоту сӯҳбатҳои муаллиф бо арбобони барҷастаи сиёсӣ, муборизони роҳи озодӣ, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, олимон, духтурон ва кормандони машҳури соҳаи фарҳанг нақл карда мешавад. Хонандагон зимни мутолиаи оччеркҳои китоб дар бораи шахсони маълуму машҳур, аз ҷумла Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимов, Ҷаббор Расулов, Ҳамид Мансуров ва дигарон маълумоти тоза ба даст оварда метавонанд. Китоб дар матбааи Ҷамъияти саҳҳомии «Иттилоот ва муошират» бо теъдоди сад нусха чоп шудааст. Муҳаррири он директори АМИТ «Ховар» Садриддин Шамсиддинов мебошад. Маросими тақдими китоб имрӯз дар ҷараёни конфронси илмии бахшида ба 50 — солагии фаъолияти О.Д.Соболев дар АМИТ «Ховар» баргузор мегардад.








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






