КОНФРОНСИ БАЙНАЛХАЛҚӢ БАХШИДА БА БӮҲРОНИ ҶАҲОНИИ МОЛИЯВ&#12

Апрель 9, 2009 10:23

                  Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид дар бораи гузаронидани конфронси байналхалқие қабул намуд, ки дар он сабабҳои ба амал омадани бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва оқибатҳои он барои мамлакатҳои ҷаҳон мавриди муҳокима қарор дода мешаванд. Конфронси мазкур аз 1 то 3 июн дар Ню — Йорк баргузор мегардад. Давлатҳои аъзои СММ ба муншии умумии он Пан Ги Мун супориш доданд, ки дар бораи сабабҳо ва оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, роҳу усулҳои бартараф сохтани оқибатҳои он, зиёни имконпазири бӯҳрон ба иқтисодиёти мамлакатҳои ҷаҳон ва тадбирҳои пешгирӣ намудани зарари бӯҳрон маърӯза тайёр кунад.                Дар конфронс бахшида ба тадбирҳои бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрон ҳуҷҷати ниҳой қабул карда мешавад. Дар он роҷеъ ба таъсири бӯҳрон дар соҳаҳои бо кор таъмин намудани аҳолӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, инчунин роҳҳои ба даст овардани ҳадафҳои рушди ҳазорсола тавсияҳо дода мешаванд.

Апрель 9, 2009 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад