КОНФРОНСИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДАР ДУШАНБЕ

Апрель 30, 2009 10:42

               Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дирӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва алоқа барои кам кардани хавфи фалокатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ» конфронси байналхалқӣ кушода шуд. Дар он роҳбарон ва кормандони масъули муассисаҳои илмии созмонҳои байналхалқӣ ва хадамоти иттилоотию алоқаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ иштирок доранд. Дар маросими кушодашавии конфронс директори барномаҳои илмии НАТО Крис Виспеларе ва ноиби раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон Хуршед Каримов сухан карданд.            Ҳадафи конфронс мавриди истифода қарор додани таҷрибаи мамлакатҳои ҷаҳон ва дар асоси он ташкил намудани шабакаи минтақавии иттилоотӣ ва маркази маълумот барои кам кардани хавфи фалокатҳои табиӣ мебошад. Дар конфронс зикр карда шуд, ки вақтҳои охир миқдори фалокатҳои табиӣ афзуда сабаби ҳалокати одамон ва харобии корхонаю муассисаҳо ва иншоотҳо мегарданд.            Конфронс 1 май ба охир мерасад, дар фарҷоми он тавсияҳои дахлдор қабул карда мешаванд.

Апрель 30, 2009 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст