КОРХОНАҲОИ ИСТЕҲСОЛИИ «ТОҶИКМАТЛУБОТ» ЗИЁД МЕШАВАД
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми се моҳи аввали соли равон Иттифоқи «Тоҷикматлубот» барои таъмини аҳолӣ бо сӯзишворӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009-ум 19776 тонна ангиштсанг захира карда шуда, аз ин миқдор 16176 тонна ба воситаи 915 нуқтаю гӯшаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба аҳолӣ фурӯхта шуд. Дар Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ дар корхонаҳои истеҳсолии соҳа ба маблағи 2,4 миллион сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки ин 104,3 фоизи нақша буда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 53 фоиз расонида шуд. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда, нон 1700 тонна, маҳсулоти қаннодӣ 88 тонна, консерваи меваю сабзавот 600 ҳазор қуттии шартӣ ва намак 120 тоннаро ташкил намуд. Бояд гуфт, ки дар ин давра 10 корхонаи хурду миёна таъсис дода шуда, шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ ба l-уми апрели соли ҷорӣ ба 313 адад расид. Аз ҷумла нонвойхонаҳо — 208 адад ва корхонаҳои дузандагӣ — 24 адад. Ҳиссаи соҳаи истеҳсолот дар афзун намудани муомилоти чаканаи мол 9,4 фоизро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 7,8 фоизро ташкил медод.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






