КОРХОНАҲОИ ТОҶИКИСТОН СОҲИБИ ГУВОҲНОМАИ ISO 22000

Апрель 22, 2009 07:59

                  Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бори аввал дар минтақаи Осиёи Марказӣ ду корхонаи коркарди меваву сабзавот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби гувоҳномаи мутобиқат ба меъёрҳои байналмилалии ISO 22000 — Низоми мудирияти бехатарии маводи ғизоӣ гардиданд.                   Ин корхонаҳо ҶММ «Элита Истаравшан» ва ҶММ «Илмӣ-истеҳсолии иттифоқи Тоҷикматлубот» мебошанд ва даст ёфтанашон ба ин комёбӣ дар чаҳорчӯби Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» сурат гирифтааст.                   Муовини аввали раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Тӯхтабой Маҳмудов зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки бозрасӣ (аудит)-и ин корхонаҳо ва додани гувоҳнома аз ҷониби ширкати Det Norske Veritas AS (DNV, Норвегия) сурат гирифта, ширкати мазкур оҷонсии мустақили гувоҳномадиҳӣ мебошад. DNV дар 100 кишвари ҷаҳон 300 дафтар дошта, бозрасии корхонаҳои Тоҷикистонро хонум Сапна Шукла, бозраси дафтари ҳиндустонии ширкати Det Norske Veritas AS анҷом додааст.                  Бояд гуфт, ки сазовор гаштан ба чунин гувоҳномаи байналмилалӣ имиҷ ва эътибори корхонаҳои мазкурро боло бурда, мавқеъашонро дар бозор боз ҳам мустаҳкамтар мегардонад.

Апрель 22, 2009 07:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд