КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» ФАЪОЛИЯТИ ХУДРО ПУРРА ОҒОЗ КАРД

Апрель 23, 2009 08:51

                  Душанбе, 23 апрель (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — КВД «Точикаэронавигатсия» дар семоҳаи аввали соли 2009 ҳамчун корхонаи мустақил ба фаъолият шуруъ намуд . Вазифаҳои корхона аз таъмини идоракунии парвози ҳавопаймоҳо ва истифодаи фурӯдгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз тобеияти идоравии онҳо иборат мебошад. Корхона аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта филиалҳои он дар Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯргонтеппа ва мутахассисони фурӯдгоҳҳои махаллӣ фаъолият доранд, гуфт дар нишасти матбуотӣ директории генералии КВД «Тоҷикаэронивигатсия» Анвар Мақсудов.                 У зикр кард, ки дар ин давра оинномаи корхона аз қайд гузаронида шуда сохтор ва ҷадвали вазифаҳою маоши кормандон тасдиқ гардиданд. Айни ҳол таҳияи нақшаи корӣ идома дорад.                 Бо мақсади таъмини фаъолияти имконпазири хадамоти фурудгоҳи Душанбе аз бинои аэровокзал ба биноҳои худи корхона кучонидани баъзе шуъбаҳои аэронавигатсиони анҷом дода шуд.Бо муассисаҳои ҳавопаймоие, ки дар дохили мамлакат мусофир мекашонанд, созишномаҳои ҳамкорӣ имзо карда шуданд.Паст рафтани нишондиҳандаҳо бо буҳрони чаҳонии молиявӣ ва аз ҷониби бисёр интиқолгарони ҳавоӣ кам карда шудани миқдори парвозҳо алоқаманд мебошад.                 Вобаста ба ҳайати кормандон бояд зикр кард, ки дар айни замон нарасидани мутахассисони идоракунии ҳаракати ҳавоӣ эҳсос мегардад. Ин масъала махсусан дар филиалҳои Қӯргонтеппа ва Кӯлоб чиддӣ мебошад ва ин кор ҳоло аз ҳисоби кӯмаки мутахассисони корхонаи марказӣ иҷро карда мешавад.

Апрель 23, 2009 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид