МАҚОЛАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА ЗАБОНИ АРАБӢ ТАРҶУМА КАРДА ШУД

Апрель 2, 2009 11:19

                      Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Дар шумораи моҳи апрел чопшудаи маҷаллаи ҳармоҳаи Академияи тадқиқотии исломии Донишгоҳи «Алазҳор» — и Ҷумҳурии Араби Миср мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Имоми Аъзам ва тафаккури миллии тоҷикон» нашр шуд. Мақолаи мазкур дар маҷалла таҳти рубрикаи «Саҳифаҳои фарҳанги Тоҷикистон» пешкаши хонандагони мамлакатҳои араб гардонда шудааст. Мақоларо ба забони арабӣ олими Донишгоҳи мазкур Абдулваҳҳоби Аллуб тарҷума кардааст. Дар маҷалла ҳамчунин тарҷумаи ҳол ва акси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст. Дар он дар бораи саҳми Президенти Тоҷикистон дар таҳкими сулҳ, созгории миллӣ ва рушди давра ба давраи иқтисодиёти мамлакат, ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмон дар бораи истифодаи сарфакоронаю оқилонаи об ва ғайра нақл карда мешавад.                     Тарҷумони мақола, инчунин, аз сафари расмии Сарвари давлати Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Араби Миср дар моҳи феврали соли 2007 ва ҷилди аввали асари сеҷилдаи ӯ «Тоҷикон дар оинаи таърих» ёдовар мешавад, ки соли 2008 дар Қоҳира ба забони арабӣ чоп шуда буд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Апрель 2, 2009 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид