МАҶЛИСҲОИ КОМИССИЯҲОИ АССАМБЛЕЯИ ПАРЛУМОНИИ СААД

Апрель 8, 2009 10:12

                 Санкт — Петербург, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Имрӯз дар шаҳри Санкт — Петербург маҷлисҳои комиссияҳои доимии Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегарданд. Дар маҷлиси муштараки комиссияҳо натиҷаҳои иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии созмон муҳокима карда мешаванд, ки моҳи феврал дар Маскав баргузор гардида буд. Аъзои комиссияҳо инчунин, масъалаҳои тайёриро ба ҷашни 65 — солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва масъалаҳои дигарро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод. Дар маҷлиси комиссияи доимии мудофиа ва амният масъалаҳои амалӣ сохтани барномаи таъминоти ҳуқуқии нақшаи тадбирҳои асосии равнақу ривоҷи ҳамкории байни давлатҳои аъзои созмон баррасӣ карда мешаванд.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аъзои комиссияи доимии масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналхалқӣ маълумоти раиси Кумитаи Думаи давлатии Федератсияи Русия Алексей Островскийро дар бораи муҳокимаи мавзӯи «Ақидаи аъзои парлумон дар бораи ҷараёни ҳамгироии мамлакатҳои собиқи шӯравӣ» ва раиси Кумитаи Сенати парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Охон Беҷоновро «Дар бораи таҷрибаи фаъолияти Анҷумани халқҳои Қазоқистон» баррасӣ менамоянд. Рӯзномаи маҷлиси комиссияи доимии масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ таҷрибаи тасвиби созишномаҳои байналхалқии дар доираи созмон имзошуда, тасвиби онҳо дар Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Белорусия, баррасии натиҷаҳои машварати роҳбарони мақомоти давлатҳои аъзои СААД ва Ҷомеаи иқтисодии Евразияро дар масъалаҳои мубориза ба муқобили муҳоҷирати ғайриқонунӣ, фаъолияти дастгоҳҳои шӯроҳои амният ва кумитаҳои соҳавии парлумонҳои мамлакатҳои аъзои созмонро дар бобати муҳокимаи вазъияти муҳоҷират дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар бар мегирад.                                                                     Тарҷумон — Қудратов А.  

Апрель 8, 2009 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид