МАҶЛИСИ КОРШИНОСОНИ МАМЛАКАТҲОИ АЪЗОИ СААД

Апрель 23, 2009 10:52

               Маскав, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 21 апрел дар Маскав маҷлиси навбатии коршиносони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вазорату идораҳои дигари манфиатдори давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид. Дар он масъалаҳои тайёрӣ ба машварати сеюми Кумитаи тадорукоти конфронси бахшида ба ҷараёни иҷрои Созишнома дар бораи паҳн накардани аслиҳаи ядроӣ дар соли 2010 ва ҳамкории мамлакатҳои аъзои созмон дар бобати ошкор сохтану пешгирӣ намудани хариду фурӯши ғайриқонунии аслиҳаи қатли омм, воситаҳои ҳамлу нақли он ва маводи зарурии онҳо муҳокима карда шуданд.                Коршиносон аҳамияти калони Созишномаи паҳн накардани аслиҳаи ядроиро дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ ва таъмини амнияти умумиҷаҳонӣ таъкид намуданд.

Апрель 23, 2009 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид