МАЛАХ БА ҲУҶУМ МЕГУЗАРАД

Апрель 9, 2009 13:26

                Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ҷамъомади мутахассисони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара роҳбарони навоҳии вилоят аз паҳншавии малах изҳори ташвиш намуданд.                Алҳол малах ба 14 ноҳияи ин вилояти калонтарини пахтакор таҳдид мекунад. Имрӯзҳо дар ноҳияҳои Данғара дар майдони 2 ҳазору 500 гектар, Қумсангир-2100, Вахш-1900, Хуросон -2500 ва нохияи Шаҳритус дар майдони 1700 гектар паҳн шудани малах мушоҳида мешавад. Сардори ситоди ҷумҳурявии мубориза бар зидди малах Қ,Қосимов, масъулинро вазифадор намуд, 1 тонна заҳрхимикати «фастракт» 2 адад дорупошаки ОВХ, 2 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ таъҷилан ба ноҳияи Данғара фиристода шавад.                  Ба ноҳияҳое,ки хатари малах мушохида мешавад ба миқдори 3 ҳазор литр заҳрхимикати «диминил», 2280 литр «алфа супеметрин», 300 аппарати дастӣ ва 300 адад либоси махсус таъмин карда шудааст. 

Апрель 9, 2009 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар