МАЛАХИ МАРОКАШӢ БА КИШТЗОРҲО ТАҲДИД МЕКУНАД
Қӯрғонтеппа,21 апрел. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Аз рӯи пешгӯиҳои мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, малах ба киштзорҳои Хатлон то ҳол хавфи калон надорад, аммо саҳланкорӣ метавонад сабаби талафоти зиёде шавад. Ба иттилои мутахассисони соҳа, сабаби пайдоиши малахи марокашӣ ин тухмгузории порсолаи ҳашарот буда, дар талу теппаҳо баъди омадани гармиҳо боз фаъол мешаванд. Айни ҳол мақомоти вилояти Хатлон барои несту нобуд кардани ин ҳашароти зараррасон чораҳо андешида истодааст, то оқибатҳои ҳузнангезро пеш наоварад. Сардори идораи кишоварзии вилоят Саъдулло Бекназаров дар як нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки дар 16 навоҳии Хатлон ситодҳо фаъол буда, вазъият таҳти назорати мутахассисон қарор дорад. Барои мубориза техникаи лозима мавҷуд буда, аз ҷумла 500 таҷҳизоти дастӣ, 20 таҷҳизоти ОВХ истифода бурда мешавад. Ба иттилои манбаъ, инчунин 2 ҳавопаймо ва 1 делтаплан дар ҳолати омодагӣ қарор доранд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






