МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ «НОРАК- ЗИДДИТЕРРОР-2009» ОҒОЗ ШУД

Апрель 17, 2009 10:01

               Душанбе, 17 апреля. ( АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Дар машқгоҳи ҳарбии «Фахробод», даври аввали машқҳои муштараки ситодӣ Фармондеҳӣ, таҳти унвони «Норак- Зиддитеррор-2009» оғоз гардид. Ин чорабинӣ дар доираи нақшаи ягона ва мутобиқи қарори шӯрои минтақавии мақомоти зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай сурат мегирад.               Тавре аз маркази матбуоти вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, машқҳои муштараки зиддитеррристӣ дар ду давра доир гашта, дар он гурӯҳҳои фаврӣ ва ҷузъу томҳои таъиноти махсуси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон, Федерасияи Руссия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат меварзанд.                 Ҳадафи ташкилу ба роҳмондани машқҳо, ин ҳамоҳангии ҳайати шахсии ширкаткунандагони он дар ташкили амалиёти зиддитеррористӣ, сайқал додани омодагии касбию маҳорати ҷангӣ, табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ ва пурзӯр намудани омодагии ҷузъу томҳо дар муборизаи муштарак бар зидди хатарҳои эҳтимолӣ, аз ҷумла терроризми байналмилалӣ, экстремизми сиёсӣ ва сепаратизм мебошад.                 Дар машқҳо ҳавопаймо ва чархболҳои ҳарбӣ, техникаҳои гуногуни вазнини зиреҳпӯш ва яроқу аслиҳаҳои мухталифи ҷангӣ истифода мегарданд.

Апрель 17, 2009 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид