МАШВАРАТӢ КОРӢ ДАР ҲУЗУРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Апрель 10, 2009 11:59

                 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот машварати корӣ доир намуд.                 Таваҷҷӯҳи зиёд ба масоили омодагии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба бартарфсозии оқибати офатҳои табиӣ ва ҳамчунин ба фаъолияти Агентии назорати маводи нашаовар ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зоҳир гардид.                 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба пурзӯр намудани тартибу низом дар байни кормандони худи сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва муборизаи беамон бурдан бо коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояту қонуншиканиҳо супоришҳои мушаххас дод.                Дар робита ба таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дастур дода шуд, ки аз маблағҳои буҷетӣ ва захираҳои моддӣ сарфакорона истифода баранд.                Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба иҷрои қонунҳо, қарорҳои ҳукумат ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба фаъолияти ин сохторҳо дахл доранд, таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ба ҳозирин супоришҳои қатъӣ дод.                Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Апрель 10, 2009 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид