МАВҶИ «ҶАҲОННАМО» БОЯД 90 ФОИЗИ ҚАЛАМРАВИ ҶУМҲУРИРО ФАРО ГИРАД

Апрель 16, 2009 15:37

               Душанбе, 16 апрел. (АМИТ«Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Айни ҳол фарогири мавҷи Шабакаи иттилоотии «Ҷаҳоннамо» дар қаламрави ҷумҳурӣ 35 фоизро ташкил дода, он то охири соли ҷорӣ бояд ба 90 фоиз расонда шавад. Дар ин бора муовини авали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Абдураҳмон Абдуманнонов дар нишасти матбуотие, ки имрӯз 16 апрел доир ба натиҷаҳои семоҳаи фаъолияти кумита баргузор гардид, хабар дод. Ӯ зикр намуд, ки имрӯз Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» бо шабакаи хабарии «Пресс-ТВ»- и Ҷумҳурии Исломии Эрон, шабакаи телевизионии «Орзу»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бобати таъвизи ахбор ва маводи видеоӣ ҳамкори мекунад.      Ҳамчунин дар ин давра муассисаи «Ҷаҳоннамо» бо шабакаи иттилоотии «Ал-Ҷазира»-и давлати Қатар ба мувофиқа омада, намояндагии шабакаи худро дар ин давлат кушод. Аз моҳи май ҳар моҳ 2 нафар аз кормандони шабакаи мазкур дар ширкати телевизионии «Ал-Ҷазира» донишу маҳорати худро такмил медиҳанд.                Хамчунин, дар нишасти матбуотӣ қайд карда шуд, ки мувофиқи нақшаи чорабиниҳои соли 2009 оид ба васеъ намудани фарогирии барномаҳои радиотелевизионҳои давлатӣ, беҳтар кардани сифати пахши онҳо дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ дар семоҳаи якум 15 фиристандаи телевизионӣ насб карда шуд.                Дар ин семоҳа дар Комиссияи иҷозатномадиҳии соҳаи телевизион, радио ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ ҳуҷҷатҳои 15 довталаб мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ин мӯҳлати иҷозатномаи 3 ташкилоти телевизионии ТВ «Ғулакандоз», ТВ «АНТ» ТВ «Исфара» ва як радиои «Ориёно медиа» тамдид гардид. Се ташкилоти навтаъсис — ҶДММ «Исател» барои пахши барномаҳои телерадиоии рақамӣ IP-TV дар ҷумҳурӣ, ҶДММ «Радиои Авис плюс» барои истеҳсол ва пахши барномаҳои радиоӣ дар шаҳри Истаравшан ва ҶДММ «Мавҷи ориёно» барои пахши барномаҳои телевизионӣ тавассути ноқил (кабел) дар шаҳри Хуҷанд соҳиби иҷозатнома гардиданд. Боқимонда ҳуҷҷатҳои 8 довталаб, ки ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ҷавобгӯ набуданд, барои ислоҳи камбудиҳо баргардонида шуданд.

Апрель 16, 2009 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид