МЕКСИКА БА ОМӮЗИШИ ТАҶРИБАИ ТОҶИКИСТОН МАНФИАТДОР АСТ
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо сафири нави фавқулодда ва мухтори Мексика дар Тоҷикистон Артуро Эрнандес Басаве мулоқот кард. Сафир ба Сарвари давлати Тоҷикистон эътимодномаи худро супорид. Артуро Эрнандес Басаве баъди маросими супоридани эътимоднома зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки ҳамроҳи Президент масъалаҳои равнақу ривоҷи муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намудааст. Қайд карда шуд, ки Ҳукумати Мексика ба ин манфиатдор мебошад. Тоҷикистону Мексика дар доираи созмонҳои байналхалқӣ, аз ҷумла СММ самарабахш ҳамкорӣ мекунанд. Ҳамкории онҳо дар соҳаи истифодаи оқилонаю самарабахши об низ торафт вусъат меёбад, гуфт сафири Мексика. Вай афзуд, ки ба Президенти Тоҷикистон барои дастгирии номзадии Мексика дар Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ миннатдорӣ баён кардааст. Зикр шуд, ки ҳар ду кишвар дар соҳаҳои илму технология, гидроэнергетика, саноати бофандагӣ, химия ва ғайра самарабахш ҳамкорӣ карда метавонанд. «Ман ба Президенти Тоҷикистон ваъда додам, ки барои рушди мунгосибатҳои иқтисодии мамлакатҳоямон ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳам бурд. Проблемаи об имрӯз дар саросари ҷаҳон аҳамияти ҷиддӣ пайдо кардааст. Дар шароити имрӯза об на танҳо барои таъминоти аҳолӣ, балки барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти саноат кифоя намекунад. Соли 2007 дар Мексика конфронси байналхалқии баъхшида ба проблемаҳои об баргузор гардида буд. Чунин конфронс соли 2008 дар Тоҷикистон ва баъди як сол дар Туркия гузаронида шуд. Мо аз захираҳои фаровони об дар Тоҷикистон ва таҷрибаи бои мамлакати Шумо дар соҳаи истифодаи об ба хубӣ огоҳем», — гуфт сафир. Мексика ба омӯхтани таҷрибаи Тоҷикистон дар ин соҳа манфиатдор мебошад, гуфт А.Э.Басаве. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, инчунин, бо сафири Филиппин дар Тоҷикистон Ҷейм Ямбао, сафири Австралия дар Тоҷикистон Маргарет Эйлин Туми ва Муншии умумии СААД Николай Бордюжа мулоқот хоҳад кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






