ММД БА 3 312,5 МЛН. СОМОНӢ БАРОБАР ШУД
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Раванди рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ тамоили нисбатан мӯътадил дошт, аз ҷумла дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 3 312,5 миллион сомонӣ баробар шуд», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 22 апрел раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода. Ӯ афзуд, ки дар семоҳаи якуми соли равон сатҳи таваррум ба 1,2 фоиз расида, дурнамои он барои соли 2009 то 13 фоиз дар назар аст. Сатҳи таваррум нисбат ба нархи маҳсулоти озуқаворӣ 0,6 фоиз, маҳсулоти ғайриозуқаворӣ 0,4 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 5,6 фоизро ташкил дод. Маврид ба зикр аст, ки гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ 801,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,4 фоиз кам шудааст. Содироти мол ба 174,4 миллион доллар баробар шуд, ки асосан аз ҳисоби алюминий, пахта ва растанӣ 48,3 фоиз кам гардид. Воридот бошад 626,8 миллион доллари амрикоиро ташкил кард, ки камшавии он аз ҳисоби маҳсулоти нафтӣ ва ғалладона 9,9 фоиз ба назар мерасад. Дар фарҷом Шариф Раҳимзода ба саволҳои хабарнигорон ҷавобҳои мушаххас дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






