МОЛДОВА ДАР ОСТОНАИ ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНИСТ

Апрель 4, 2009 11:54

               Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Фардо, 5 апрел дар Молдова интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад.              Дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар қатори нозирони кишварҳои хориҷӣ намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷараёни интихоботи парлумонӣ дар ин кишвар мушоҳида менамоянд.               Тибқи иттилои роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Муҳибулло Додоҷонов, дар интихоботи парлумонии Молдова намояндаи Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сафаралӣ Ғуломов дар ҳайати нозирони ИДМ ва Аминҷон Ҳасанов дар ҳайати нозирони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ба ҳайси нозир иштирок менамоянд.              Назар ба иттилои хабаргузории иттилоотии «REGNUM», 3 апрел Раиси Комиссияи интихоботии Молдова Евгений Штирибу дар нишасти матуботӣ ба харабнигорон гуфтааст, ки бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ гузаронидани интихоботи парлумон дар Молдова 1977 қитъаи интихоботӣ ташкил карда шудааст. Ҳамзамон, дар 33 намояндагии дипломатии Молдова дар кишварҳои хориҷӣ қитъаҳои интихоботӣ созмон дода шудааст.

Апрель 4, 2009 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид