МУЛОҚОТ БО СОҲИБКОРОНИ ЛАТВИЯ

Апрель 17, 2009 15:33

                Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид дирӯз, 16 апрел бо гурӯҳи намояндагони тоҷирону соҳибкорони Латвия таҳти роҳбарии сафири ин мамлакат дар Тоҷикистон Игорс Апокинс мулоқот кард. Ба гурӯҳи намояндагон роҳбарони ширкатҳои «Ришон интер», «Конти химикал компани», «Олимпс», «Латвияс тилти» ва «Равеншил» шомил буданд. Шариф Саид ба меҳмонон дар бораи самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти ҷумҳурӣ сухан ронд, ки б а сармоягузории хориҷӣ эҳтиёҷи калон доранд.               Қайд карда шуд, ки ба туфайли кушодани корхонаҳои нави муштарак теъдоди зиёди аҳолӣ бо кор таъмин карда мешавад. Сафири Латвия зикр намуд, ки корхонаю ширкатҳои мамлакаташ тайёранд, ба Тоҷикистон таҷҳизоти нави ҳозиразамон фиристанд ва технологияи муосирро ба мутахассисони корхонаҳои Тоҷикистон омӯзанд.                Соҳибкорону тоҷирони латвиягӣ зикр карданд, ки дар бораи Тоҷикистон ва талаботу эҳтиёҷоти иқтисодиёти он маълумоти кофӣ надоранд. Таъкид шуд, ки қаламрави Тоҷикистонро барои фиристодани мол ба Афғонистон истифода бурдан мумкин аст. Ин ҳам ба манфиати Латвия ва ҳам ба манфиати Тоҷикистон мебошад. Барои густариши муносибатҳои дуҷониба кушодани роҳи мустақими ҳавоӣ дар байни ҳар ду мамлакат аҳамияти калон дорад. Меҳмонон хоҳиш карданд, ки тартиби гирифтани раводид дар Тоҷикистон осонтар карда шавад.

Апрель 17, 2009 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар