МУЛОҚОТ БО ТАМОШОБИНОН

Апрель 30, 2009 15:42

                   Душанбе, 30 апреля. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Рӯзҳои наздик дар доираи чорабиниҳои, бахшида ба 80-солагии киностудияи «Тоҷикфилм» гурӯҳи ҳунарпешагон, аз ҷумла коргардони филми «Гушгаштапайдо» Юнус Юсуфов бо тамошобинони ноҳияи Ҳисор мулоқот хоҳанд кард. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар», директори киностудияи мазкур Саидҷалол Саидов хабар дод, филми «Гумгаштапайдо» ба мардуми ноҳияи Ҳисор хеле писанд омадааст ва онҳо хоҳиш намуданд, ки бо коргардони филм сӯҳбат кунанд.                  «Чунин хоҳишу дархостҳо аз тамошобинони ноҳияҳои дигар низ ба мо расиданд ва мо ният дорем, ки дар давоми сол бо тамошобинони шаҳру навоҳии дигари ҷумҳурӣ низ мулоқотҳо гузаронем».                  С. Саидов зикр намуд, ки дар вохурӣ ҳайати эҷодӣ бо тамошобинон дар бораи таҳияи филм, интихоби ҳунарпешагон ва мушкилоти ҷойдошта сӯҳбат менамоянд.                  Филми «Гумгаштапайдо»- саргузашти ғамангези духтаракест, ки модарашро аз даст додааст ва азобу машаққати зиёдро аз сар гузаронида, баъд бар асари ҷидду ҷаҳд ва азму талошҳояш ба мақсад мерасад.

Апрель 30, 2009 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид